zoofirma.ru

Дар доираи моҳвораи ҷавонон баҳри дастгирии хонандагону ҷавонони болаёқат ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба баргузории озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2022-2023 аз 04.05.2023, №96 ба тасвиб расидааст.

Бо ин мақсад санаи 13.05.2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2022-2023 миёни хонандагони синфҳои  8, 9 ва 10 муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Озмунро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Хонандагон аз фанҳои забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ тест супорида, аз фанҳои забони давлатӣ ва забони русӣ диктант навиштанд.

Пас аз баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун ғолибон муайян гардиданд.  Аз теъдоди умумии довталабон 35 нафари онҳо соҳиби Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд. Ғолибон дар доираи баргузории чорабиниҳои  моҳвораи ҷавонон бо шаҳодатномаи Стипендияи Раиси шаҳр ва маблағҳои пулии муқарраргардида сарфароз гардонида мешаванд.