zoofirma.ru

Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони шаҳри Гулистон расонида мешавад, ки бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» санаи 21 майи соли 2023, соати 7:00 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз назди мағозаи "Пӯлодиён"-и даромадгоҳи шаҳр

тариқи кӯчаи "Исмоили Сомонӣ" (роҳи асосӣ) то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад.

Дар чорабинии бонуфузи варзишӣ намояндагони тамоми соҳаҳо, сокинону меҳмонон ва ҷавонони касбу кори гуногун ширкат меварзанд.

Ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда мешаванд.