zoofirma.ru

Санаи, 20.05.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон шоми ҷавонӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Раиси ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба самъи ҷавонони шаҳрак расонида шуд. Зикр гардид, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Ҳанўз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми зикршуда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.

Алҳол дар шаҳри мо, ки беш аз 34 дарсади теъдоди сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо рўҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Дар шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ баҳри дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон муҳайёст.

Сипас, санъаткорони мактаби мусиқии шаҳрак бо сурудҳои дилниши хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.