zoofirma.ru

Имрӯз 01.06.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода як қатор кӯдакони ятимро, ки бо амри тақдир аз волидайн маҳрум мондаанд аёдат кард.

Раиси шаҳр дар суҳбат бо  кӯдакон иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва  хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи  кўдакони ятиму бепарастор дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дорад.

Барои ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани кўдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ,  эҳсоси худшиносию ватандўстӣ ва ахлоқи ҳамида мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.

Раиси шаҳр фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба хурдсолон табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои идона ва кумакҳои яквақтинаи моддӣ расонид.