zoofirma.ru

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 бо иштироки кулли аъзои Ситод баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда зикр дошт, ки қарори Раиси вилояти Суғд  "Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024" ба тасвиб расида, дар заминаи он  қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба ин мақсад ба тасвиб расидааст.

Дар асоси қарори Раиси шаҳр нақшаи чорабиниҳо оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 тасдиқ гардидааст. Ҳамчунин, ҳайати Ситоди шаҳрӣ, эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва фарҳанг низ тасдиқ шудааст.

Доир ба вазъи омодагии муассисаву корхонаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 котиби Ситоди шаҳрӣ маълумот дод.

Сипас, аз роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ва расиони ҷамоати шаҳракҳо доир ба вазъи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 пурсиш ба амал оварда шуд. Ба роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва раисони ҷамоати шаҳракҳо таъкид гардид, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳоро дар вақти муайянгардида иҷро намуда муассисаву корхона ва ҷамоати шаҳракҳоро барои барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омода намоянд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба унвони раиси шаҳр мунтазам маълумот пешниҳод намоянд.