zoofirma.ru

Имрӯз, 07 июни соли 2023 дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  бо кормандони корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр бо кормандони бахши фарҳанги шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Аҳлиддин Абдураҳмонов раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз ҷумла пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳангӣ бегона, пешгирии коррупсия, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва ҳамчунин доир ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Зикр карда шуд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди босуръати илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо фикрҳои гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта наметавонад аз ин гуна бархурдҳо ва зиддиятҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад.

Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз пештар дар ҷомеаи шаҳрвандии мо аҳамият пайдо намудаанд.

Дар фарҷом мудири бахши фарҳанги шаҳр  Мамадҷонов Насим барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи кор бо ҷавонон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуд.