zoofirma.ru

Имрӯз, 12.06.2023 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «7» июли соли 2022, №АП-227 ба тавсиб расида, дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 12.09.2022, №367 ва қарори Раиси шаҳр аз 05.12.2022, №260 ба тасвиб расидааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.

Дар даври шаҳрии озмун хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамон пас аз саволу ҷавоб бо иштироккунандагон ғолибони даври шаҳриро муайян намуданд.

Ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.