zoofirma.ru

Санаи 14.06.2023 роҳбари гурӯҳӣ корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода  ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни корҳои ободкориву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон боздид намуданд.

Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Гулдара дидан карда шуд. Дар муассисаи таълимии мазкур корҳои таъмиру тармим ҷараён доранд.

Сипас, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Зарчашма дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки муассиса пурра ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз таъмир бароварда мешавад ва ҳамзамон иншооти гуногуни ёрирасон низ бунёд карда мешавад.

Ҳамчунин, аз рафти таъмиру азнавсозии муассисаи таълимии томактабии №21-и шаҳрак дидан карда шуд. Дар муассисаи мазкур 150 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Баъдан аз рафти бунёди бинои таваллудхонаи беморхонаи шаҳрак ва таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳрак дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки таъмиру азнавсозии маркази саломатӣ ба охир расида, таҷҳизоти зарурӣ дар марҳилаи воридшавӣ аст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои таваллудхона бомаром ҷараён дорад.

Ҳамчунин, аз мавзеи иншооти навбунёдмешудаи ҷашнӣ низ дидан карда шуд.

Ба масъулини ҷамоати шаҳрак ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расонидани сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти ҷашнӣ ва зиёд намудани теъдоди иншоот тавсияҳо дода шуд.