zoofirma.ru

Санаи 15.06.2023 муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Муҳаммадӣ Абдусатторзода бо ҳамроҳии гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Консой дидан намуданд.

Гурӯҳи корӣ нахуст аз МТМУ №3-и шаҳрак дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур соли 1932 сохта ба истифода дода шудааст. Дар муассиса 911 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Тибқи нақша барои таъмири боми муассиса 400000 (чорсад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Алҳол 35 синфхонаи муассиса аз тарафи падару модарон таъмири ҷорӣ карда шудааст. Системаи ягонаи гармидиҳии муассиса насб карда шудааст. Сарулибоси мактабӣ барои хонандагон аз ҶСК “Равшан”, ки дар ҳудуди шаҳрак фаъолият дорад таъмин карда мешавад.

Дар идома гурӯҳи корӣ аз МТТ №11 дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии томактабии мазкур соли 1969 сохта ба истифода дода шудааст. Дар он 150 нафар кӯдак  ба тарбия фаро гирифта мешавад.

Сипас, гурӯҳи корӣ аз беморхонаи 2-и шаҳрак дидан намуд. Шуъбаи сироятии беморхона солҳои 2020-2021 ба маблағи 895000 (ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ таъмир карда шудааст. Соли ҷорӣ барои таъмири шуъбаи қабул, шуъбаи ҷарроҳӣ ва ошхона 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Норасоии кадр дар беморхона 6 нафар мебошад.

Баъдан, гурӯҳи корӣ аз хонаи маданияти шаҳрак дидан намуд. иттилоъ дода шуд, ки хонаи маданият соли 1953 сохта ба истифода дода шудааст. Утоқи корӣ барои кормандон 7 адад, ҷой барои нишаст дар толор барои 260 нафар мебошад.

Дар шаҳрак ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  10 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Ба масъулин ҷиҳати бо сифат ва дар муҳлати муайян шуда ба анҷом расонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ супоришу тавсияҳо дода шуд.