zoofirma.ru

Санаи 23.06.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва "Ваҳдат - сарчашмаи сулҳу субот" бо аҳли кормандони ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Мафҳумҳои асосии Қонуни мазкурро мафҳумҳои Ватан, ватандӯстӣ, дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбия, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ҳисси шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.

Мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат, ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар намудҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти онҳо алоқаманданд мебошад.

Ҳамчунин, доир ба дастовардҳои замони Ваҳдати миллӣ ифзи Истиқлоли давлатӣ, мустаҳкам гардонидани низоми сиёсӣ, ҳифзи кишвар дар раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳамагуна хатару таҳдидҳо, ташаккули андешаи миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор, мусоидат ҷиҳати эҳёи фарҳангу тамаддуни миллӣ, бузургдошти бузургони гузаштаи миллат, ҳалли бештари масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, ворид гардидан ба марҳилаи нави давлатдорӣ - марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ суханронӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳами Ваҳдати миллӣ зикр кардаанд, ки: “Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд.”

Дар фарҷом Маърифат Холиқова корманди ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” барои баргузории вохӯрии судманд ба намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд.