zoofirma.ru

Имрӯз, 23.06.2023 дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ маросими номгузории қисми кӯчаи Гулистони маркази шаҳр ба номи фарзанди содиқи Ватан, афсари шуҷоъ Абдусатторов Эркин Турдибоевич баргузор гардид.

Дар маросими номгузории кӯчаи мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарбозон, собиқадорон, ҳомиёни Ватан, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, сокинон ва ҷавонони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст аз ҷониби Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ва модари афсари шаҳидшуда Абдусатторова Саломат аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ пардабардорӣ карда шуд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода суханронӣ намуд. Зикр карда шуд, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои мо имконият даст дод, ки номи чандин нафар гузаштагони пурифтихори худро зинда гардонем ва хизматҳояшонро арҷ гузорем. Ҳамаи ин бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд.

Дар саросари кишвар ҷиҳати гиромидошти хотири онҳое ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷони худро нисор кардаанд иқдомҳои зиёди шоиста амалӣ гардида, ба номи онҳо шаҳру ноҳияҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва кӯчаҳо номгузорӣ гардидаанд.

Таъкид гардид, ки фарзанди содиқи Ватан, афсари шуҷоъ Абдусатторов Эркин Турдибоевич 16-уми сентябри соли 2022 дар муноқишаи байни сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар вақти иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ дар ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳамла аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи душман  кушта шуд.

Боиси ифтихор ва шарафмандии волидайну пайвандон ва кулли сокинони шаҳр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусатторов Эркин Турдибоевич пас аз маргаш бо ордени “Шараф” дараҷаи II аз 07.02.2023, таҳти №528 сафароз гардонида шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни ин афсари шуҷои Ватан тадбирҳои муассисар андешида, бо пешниҳоди Комиссияи номгузор ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз 10 марти соли 2023, №187 қисми кӯчаи Гулистон аз хонаи рақами 49  то то хонаи рақами №65-ро баҳри абадӣ гардонидани хотири неки фарзанди содиқи Ватан, афсари шуҷоъ Абдусатторов Эркин Турдибоевич номгузорӣ намуд.

Ҳамчунин, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша барои дастириву ғамхории 4 фарзанди ятим мондаи Абдусатторов Эркин Турдибоевич таваҷҷуҳ зоҳир намуда кумаку дастгирӣ менамояд.

Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони Ҷанг ва меҳнати шаҳр Қосимова Каромат, ки дар ҳамсоягии хонаводаии марҳум зиндагӣ дорад, суханронӣ намуда аз хислатҳои неки Эркин Абдусаттров ёд намуд.

Дар интиҳо хоҳари марҳум Абдусатторова Дилафрӯз суханронӣ намуда сипосамандии аҳли хонаводаашонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба инобат гирифтани фидокориҳои фарзанди хонадонро барои ҳифзи Ватан ва қадр намудан бо ордени “Шараф” дараҷаи II ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати номгузории қисми кӯчаи Гулистон ба номи Абдусатторов Эркин Турдибоевич расонид  ва таъкид намуд, ки бародари ӯ ба хотири ҳифзи Ватан ҷони худро нисор кард ва аҳли хонавода аз ӯ ифтихор мекунанд.