zoofirma.ru

Санаи 22.06.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр дар толори Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-ишаҳр таҳти унвони “Ваҳдат пойдевори давлат ва ҳастии миллат аст” ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо конференсия баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи “Шуълаи умед” Мирзоаъзам Мақсудов ва устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Бароатхон Махкамова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд”.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки давлати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон волотарин арзиш ва муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба шумор меравад. Зеро миллати тоҷик баъд аз ҳазорсоли бедавлатӣ соҳиби давлати мустақил гардид. Аз таърихи гузаштаи миллат ба мо маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани давлати бузурги Сомониён ин набудани ваҳдату ягонагӣ миёни ҷомеа буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар оғози соҳибихтиёрӣ бо таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Воқеан дар он вақт давлати тозаистиқлол дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Зуҳури таҳдидҳо, манфиатҷӯии гурӯҳҳои мухталиф ва идомаи низоъҳо ҳамоно сарнавишти ояндаи давлатро норавшаван ва истиқлоли сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд. Дар чунин шароити душвор ва маҳз барқарории ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намоем. Яъне дар марҳилаи аввали соҳибихтиёрӣ маҳз ба василаи ваҳдати миллӣ мавҷудияти физикии давлат ҳифз ва ҳимоя карда шуд. Имрӯз низ ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ воситаи муҳимми таъмини бақои давлати Тоҷикистон аст.

Ҳамзамон, доир ба роҳҳои расидан ба Ваҳдати миллӣ, роҳҳои ҳифзу нигаҳдошти он, дастовардҳои даврони Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он суханронӣ карда шуд.