zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби собиқ футболбози тими мунтахаби кишвар ва сарбони ҳозираи дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев академияи футболи “Сомониён” таъсис дода шуд.

Академияи футболи “Сомониён” бо чорабинии тантанавии идона ба фаъолият оғоз намуд.

Дар марҳилаи кушодашавии академияи футболи “Сомониён” аъзои академия, мураббиён, волидайн иштирок намуданд.

Чорабинии тантанавии кушодашавии академия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев суханронӣ намуда, зикр кард, ки солҳои охир дар кишвар ҷиҳати рушди варзиши рақами 1-уми ҷаҳон – футбол, тадбирҳои муассир андешида шудааст. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо ва барномаву ҳадафҳо буд, ки тимми мунтахаби кишвар дар таърих аввалин маротиба ба Чемпионати Осиё, ки соли 2023 дар давлати арабии Қатар баргузор мегардад роҳхат гирифт. Дар ин ҷода саҳми Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле арзишманд аст.

Дар шаҳри Гулистон низ ҷиҳати рушди ин навъи варзиш таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст. Натиҷаи ин таваҷҷуҳ аст, ки дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ҳунарнамоӣ мекунад.

Боиси ифтихор аст, ки иқдоми рушди футбол дар кишвар аз ҷониби ҳаводорони ин навъи варзиш дастгирӣ ёфта истодааст. Академияи футболи “Сомониён”, ки бо ташаббуси футболбози боистеъдод ва дорои ҳунару малакаи хос Ҷаҳонгир Эргашев ба фаъолият оғоз намуд, моро умедвор месозад, ки таълимгирандагони ин академия аз ҳунару истеъдоди ситоди мураббиён ва хосатан аз мактаби ҳунарии Ҷаҳонгир Эргашев таҷриба омӯхта дар онянда ҳамчун футболбозони касбӣ фаъолият карада, шарафи футболи меҳанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Сипас, ба наврасоне, ки ба академия ҷалб гардидаанд дар вазъи тантанавӣ либосҳои варзишӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, таълимгирандагони академия намоиши бозӣ бо тубро дар майдон иҷро намуданд.

Волидайни таълимгирандагон ва сокинони шаҳр аз кушодашавии академияи футболи “Сомониён” хушнуд ҳастанд ва изҳори сипоси худро ба муассисони он расониданд.