zoofirma.ru

Имрӯз, 24.06.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор карда шуд.

Дар кори ҷаласаи Шӯро раиси Шӯро прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ва аъзои Шӯро сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Одиназода Шодӣ, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Қаҳҳоров Комрон, сардори нозироти андоз дар шаҳр Исмоилов Акрам, сардори бахши раёсати кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Шуҳрат Алиев ва сардори қисми мустақили 37-и ХДО дар шаҳр Сулаймонзода Насим ва ҳамоҳангсозон, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва фаъолон иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи корӣ вазъи иҷрои қонунгузории замин ва ҳолати риояи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он дар соли 2022 ва 5 моҳи соли 2023 мавриди муҳокима қарор дода шуд. Нахуст раиси Шӯро прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ҷаласаро оғоз намуда, зикр кард, ки риояи қонунгузории замин, пешгирии қонунвайронкуниҳо вобаста ба замин зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва 27 апрели соли равон дар мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти хатлон дар ноҳияи Данғара аз ҷой доштани қонунвайронкуниҳои зиёд дар ин самт изҳори нигаронӣ намуда, барои пешгирӣ ва бартараф намудани чунин қонунвайронкуниҳо супоришҳои махсус дода буданд.

Сипас, муфаттиши калони прокуротураи шаҳр Шамсулло Раҳматуллозода доир ба вазъи иҷрои қонунгузории замин ва ҳолати риояи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он дар соли 2022 ва 5 моҳи соли 2023 маълумот дод. Зикр гардид, ки дар соли 2022 дар шаҳр 6 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба қонунгузории замин ба қайд гирифта шудааст. Дар 5 моҳи соли 2023 7 парвандаи ҷиноятӣ дар ин самт ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷониби мақомоти прокуротураи шаҳр ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷой дошта 4 амри прокрорӣ ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани заминҳои ғасбгардида ва сохтмонҳои бунёдгардидаи шаҳрвандон содир гардидааст. Сипас, прокурори шаҳр аз раиси кумитаи замини шаҳр, муовини якуми Раиси шаҳр ва раисони ҷамоати шаҳракҳо доир ба қонунвайрокуниҳои мавҷуда ва чораҳои пешгирикунанда дар оянда пурсиш намуд. масъулин изҳор намуданд, ки дар ин самт корҳоро ҷоннок намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Дар фарҷом ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр хулоса намуд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва рафъи қонунвайронкуниҳои вобаста ба замин гурӯҳҳои корӣ бо мақомотҳои назоратӣ таъсис дода шуда, дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шавад.