zoofirma.ru

Имрӯз, 24.07.2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронии хеш аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар гардида, таъкид намуд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.

Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.

Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Раиси вилоят ва Раиси шаҳр даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, 509 нафар  иштирок намуда, 66 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, беш аз 200 нафар довталаб иштирок намуда, 61 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” 60 нафар иштирок намуда, 10 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Ба ғолибоне, ки ба даври вилоятии озмунҳои мазкур роҳ ёфтаанд ва ба роҳбарони онҳо дастур дода шуд, ки бо омодагии ҷиддӣ ба даври вилоятӣ иштирок карда, соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гарданд.

Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои пулӣ, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ ва ба иштирокчиёни фаъол ва волидайне, ки дар тарбия ва муваффақиятҳои фарзандонашон саҳм гузоштаанд сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Дар фарҷом як қатор иштирокчиён ҷиҳати роҳандозии озмунҳои мазкур ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки бо омодагии ҳамаҷониба дар даврҳои баъдии озмунҳои мазкур иштирок намуда, соҳиби мақомҳои арзанда мегарданд.