27 Июл 2023
Имрӯз, 27.07.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамотаи шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Муовини яукуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода кори ҷаласаро ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Воқеан, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.
Вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023” муовини комиссари ҳарбии шаҳр Касиров Парвиз маълумот пешниҳод намуд.
Сипас, ба масъулин доир ба тақвият бахшидани корҳо дар самти омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023, ҷалби даъватшавандагон ба курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ, таъсиси гурӯҳи корӣ ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон супоришҳо дода шуд.