zoofirma.ru

Санаи 05.08.2023 дар Боғи ба номи «Низомиддин Алишери Навоӣ»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Гулистон баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинони пойтахт ба қаноатмандӣ ва хушҳолӣ пазируфта шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, роҳбари гурӯҳи корӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Тибқи нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ин навбат барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе кишоварзони шаҳри Гулистон маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон ва сифати хуб пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, 5 тонна орд бо нархи 200 сомонӣ барои як халтаи 50 килоӣ, 2 тонна пиёз бо нархи 1,5 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна картошка бо нархи 3 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна сабзӣ бо нархи 2 сомонӣ барои 1 кг, 300 кг гӯшти гӯсфанд бо нархи 55 сомонӣ барои 1 кг, 300 кг гӯшти гов бо нархи 55 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна гӯшти мурғ бо нархи 20 сомонӣ барои 1 кг, 5 ҳазор дона тухм бо нархи 66 дирам барои 1 дона, 300 дона тарбуз ва 300 дона харбуза бо нархи 10 сомонӣ барои 1 дона ба савдо бароварда шуданд.

Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчунин дар саҳни Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» намоиш ва фурӯши намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо ва пухтупази хонагӣ, инчунин сарулибоси мактабӣ, қолинҳои машҳури Қайроққум, маҳсулоти заргарӣ ва дастовардҳои ҷавонону варзишгарон баргузор гардид. Дар намоиши мазкур донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон низ иштирок карда, ба сокинону меҳмонон оид ба фаъолияти Коллеҷи тиббӣ, заминаҳои моддиву фаннии он маълумоти ҷолиб доданд.

Ҳамчунин, осоишгоҳҳои шаҳр низ барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон номгӯи хизматрасониҳои худ ва варақаҳои тарғиботиро пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми намоиши мазкур роҳбарияти шаҳри  Гулистон ба нишони эҳтиром дар назди муҷассамаи Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ гулчанбар гузоштанд.