zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз номи сокинони шаҳр ба аҳли хонавода ва пайвандони фавтидагони садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб  ки 6-уми августи соли ҷорӣ дар роҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб  рӯй дода, талафоти моливу ҷониро ба миён овард, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба аҳли пайвандони ҳалокшудагон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил ва ба маҷруҳшудагони ин садамаи фоҷиабор шифои комилу оҷил хоҳон аст.

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бо Шумо ғамшарикем, мардуми Кӯлоби бостон!