zoofirma.ru

Тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, № АП-318 тасдиқ гардидааст 10 август дар тарабхонаи"Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони " Зеби дастархон" доир гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни боздид аз растаи бонувони моҳири шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ғолибони даври аввал ва дуюми озмун ба маҳорати онҳо баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки бо сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушбахтона дар мамлакат заминаи мусоид барои зиндагии шоистаи сокинон фароҳам гардида, баргузории озмуни мазкур намунаи равшани гуфтаҳои болоист.

Зикр гардид, ки ҳадафи озмуни мазкур эҳёи анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани санъати волои нонпазӣ ва амсоли инҳо маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ тибқи низомномаи озмун ғолибон муайян гардида, сокини шаҳри Гулистон Мадина Ҳодиева дар бахши огоҳӣ аз тарзи пухтани намудҳои гуногуни нон мақоми дуюмро соҳиб гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ба даст овард.

Номбурда бо дипломи дараҷаи дуюм ва туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.