26 Август 2023
24.08.2023 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш, пурра аз таъмир баровардани муассиса ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ таъмири синфхонаҳо намои берунии бино пурра ба анҷом расида, дар гирду атрофи муассиса низ корҳои ободонӣ ба ба роҳ монда шуд. Муассиса барои қабули хонандагон ба соли нави хониши 2023-2024 омода мебошад. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” омода гардида, волидайн ҳамарӯза аз коргоҳи дӯзандагии мазкур, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгир аст сарулибоси хонандагонро дастрас намуда истодаанд. Дар муассиса барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.
муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз синфхонаҳои муассиса ва макони нигоҳдории маводҳои зарурӣ барои зимистонгузаронӣ дидан намуда ба масъулини муассиса таъкид намуд, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, таъмини пурраи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ ва зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.