zoofirma.ru

Муассисаи таълимии томактабии №5-и шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр дар озмуни вилоятии Беҳтарин муассисаи давлатии таълимии томактабӣ дар миёни муассисаҳои давлатии таълимии томактабии 18 шаҳру навоҳии вилоят сазовори мақоми дуюм гардида, дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят бо диплом ва туҳфаи пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Дар озмуни мазкур ба муассисаҳои далатии таълимии томактабӣ ҷиҳати корҳои ободонӣ дар муассиса, ҷиҳозонидан бо таҷҳизот, ҳамкорӣ бо падару модар ва дастовардҳои ба дастовардаи муассисаҳо ба назар гирифта шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин ғолибиятро ба масъулини соҳа ва муассисаи мазкур муборакбод гуфта, барои муваффақиятҳои тоза дар ин самт барояшон комёбӣ таманно менамояд.