zoofirma.ru

Санаи 24.08.2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода тибқи нақшаи кории Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи аъзои Комиссия ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд. Баррасӣ ва таҳлили рафти иҷрои Нақшаи дохилиидоравии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои солҳои 2022 – 2024 ва азифагузориҳо ба аъзои Комиссия.

Таъкид карда шуд, ки сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.

Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон давра ба давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мӯҳлати муайян тасдиқ гардида, амалисозии чораҳои маҷмӯии ба муқовимат ба савдои одамон, инчунин ба ҳимоя ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ равонагардидаро пешбинӣ менамояд.

Субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон мутобиқи ваколаташон нақшаи чорабиниҳои худро оид ба татбиқи нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон таҳия ва тасдиқ менамоянд.

Дар заминаи қонуни мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” қабул гардида, дар асоси он Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 тасдиқ карда шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур қарори Раиси шаҳр аз 29 апрели соли 2022, №103 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи дохилиидоравии муқовимат ба савдои одамон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои солҳои 2022-2024” қабул карда шуд.

Нақшаи дохилиидоравии муқовимат ба савдои одамон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои солҳои 2022-2024” иборат аз 11 банд тасдиқ карда шудааст.

Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ва ҳамоҳангсози фаъолияти онҳо дар асоси қарори Раиси шаҳр аз 30 ноябри соли 2017, №305 Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис дода шудааст, фаъолият карда истодааст ва дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Сипас, барои тақвияти корҳо дар ин самт ба аъзои комиссия супоришҳо дода шуд.