zoofirma.ru

Санаи 25.08.2023 гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳайати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр Гулрабо Ҷабборӣ, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Наимҷон Шарифов ва Зулфия Ҷумаева китобдори шуъбаи маорифи шаҳр аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5, №7, №13 ва муассисаи таълимии томактабии №21-и маркази шаҳраки Адрасмон ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳо ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дидан намуданд.

Ҳангоми боздид маълум гардид, ки муассисҳаои таҳсилоти миёнаи умумии №5, №7, №13 ва муассисаи таълимии томактабии №21-и маркази шаҳраки Адрасмон ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2023-2024 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамаи синфхонаҳоро аз таъмир бароварда барои оғози соли нави хониш омодагии ҳамаҷониба дидаанд.

Дар ҳамаи муассисаҳо таъмини хонандагон бо сарулибоси ягонаи мактабӣ бо маром ҷараён дорад ва тибқи иттилои масъулин то оғози соли нави хониш хонандагон бо сарулибоси ягонаи мактабӣ таъмин карда мешаванд.

Муассисаҳои таълимии мазкур ҷиҳати зимистонгузаронӣ омодагӣ дида, ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ захира намудаанд.

аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба масъулини муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт таъкид карда шуд.