zoofirma.ru

Санаи 25.08.2023 тибқи нақшаи кории мақомти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳр, шуъбаи маориф ва нақшаи кории Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №7-и маркази шаҳраки Адрасмон бо омӯзгорони муассиса вохӯрӣ доир ба тақвияти корҳои таълиму тарбия дар соли нави хониш, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр Гулрабо Ҷабборӣ, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Наимҷон Шарифов ва Зулфия Ҷумаева китобдори шуъӣаи маорифи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки пас аз рӯзҳои башумор соли нави хониш оғоз мегардад. Бинобар ин мебояд, ки ба таълиму тарбияи хонандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуда, дар ин самт иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ таъмин карда шавад ва бо дастоварди шоиста онҳо муаррифгари муассисаву шаҳр гарданд.

Ҳамчунин, барои тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳравандон” тадбирҳои зарурӣ бояд андишид шавад ва бо ин роҳ метавон хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбияи намуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни хоанандагон, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, мунтазам дар маҷлисҳои синфӣ ва маҷлисҳои падару модарон доир ба ин мавзуъҳо таъкид карда шавад.