zoofirma.ru

Санаи 28.08.2023 дар кӯчаи Дӯстии халқҳои маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ оид ба ҷалби сокинон барои кор дар Неругоҳи барқӣ-обии Роғун, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирии терроризму экстремизм баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо мардуми бо нангу номуси тоҷик бо меҳнати фидокоронаи худ дар Неругоҳи барқӣ-обии Роғун фаъолият намуда истодаанд. Имрӯзҳо дар ин Кохи нур кормандон аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба кор қабул карда мешаванд ва хоҳишмандон метавонанд барои муроҷиат ба кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин, доир ба иҷрои меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирии терроризму экстремизм бо сокинон суҳбат карда шуд.