zoofirma.ru

Семинар – машварати Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маориф, ки дар гимназияи ба номи Б.Ғафуров баргузор гардид, бо баромади толибилмон аз қироати шеъру манзумаҳои пурмазмун ифтитоҳ ёфт. Директори Марказ Фахриддин Фатҳиддинов тартиби баргузории семинарро шарҳ дода, сипас дар мавзӯи “Тавзеҳи истилоҳи истеъдод, лаёқат ва маҳорат. Нақши китоб ва худомӯзӣ дар рушди маънавии хонанда ва омилҳои бо он мусоидаткунанда” баромад кард

Баъдан перомуни мавзӯҳои “Нақши равоншинос дар инкишофи зеҳнии хонандагони болаёқат” ва “Истифодаи шабакаи интернет ва аҳамияти он дар рушди истеъдоди наврасон” равоншиноси МТМУ №2 Маниҷа Очиқадамова ва  роҳбари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои МТМУ №12 Шоҳид Норматов фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Аъзои фаъоли Марказ Ҷасур Ҳаитқулов дар бораи “Роҳҳои дарёфт намудани қобилияти зеҳнии хонандагон” маърӯза намуд.

Семинар – машварат дорои моҳияти методию дастурдиҳӣ буд ва он ба самти иҷрои Барномаи давлатии рушди истеъдодҳо нигаронида шуд.