zoofirma.ru

21 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон шинос шуд.

Дар шаҳраки Адрасмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо вусъат ёфта, сокинон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ фаъол ҳастанд. Давоми се соли охир 62 км роҳҳои маҳалии ҷамоат навсозӣ карда шуда, бо ташаббуси сокинону саховатмандон, соҳибкорони ватанӣ роҳи автомобилгарди Адрасмон-Гулистон низ оғоз ёфтааст.​

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони ҷамоат иброз дошт, ки​ бо дастгириҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба рушди ин минтақа таваҷҷуҳи хоса равона гардида, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳи мумфаршшаванда 39 километрро ташкил дода, дар ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорон назаррас аст. То имрӯз 13 км роҳ мумфарш гардида, дар доираи азнавсозии роҳ таҷдид пулҳои мошингузар низ ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳраки Адрасмон дорои табиати нотакрор буда, дар ду деҳа ва маҳаллаҳои он 16489 нафар истиқомат доранд. Ба истиқболи ҷашни миллӣ бунёди 35 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин раванд сохтмон дар як қатор иншоот идома дорад.