zoofirma.ru

Зимни сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз​ ​ Беморхонаи рақами 1-и шаҳрак боздид намуд.

Беморхонаи мазкур дорои панҷ шуъба - амрози дарунӣ, ҷарроҳӣ, бачагона, сироятӣ ва таваллуд буда, дар он 105 кат мавҷуд аст. Дар ин муассисаи тандурустӣ 69​ нафар кормандон кору фаъолият дошта, ҳамаи шуъбаҳо аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин аст. Ҳамзамон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бунёди бинои​ шуъбаи бачагона бо 20 кат идома дорад.​

Раиси вилоят зимни боздид таъкид дошт, ки новобаста аз макони ҷойгиршавӣ дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят шароити арзандаи ташхису табобат фароҳам оварда шудааст.