zoofirma.ru

Санаи 22.09.2023 дар мактаби санъати маркази шаҳр тибқи ҷадвали вобастакунии масъулон бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар мавзуи “Тарғибу ташвиқи эҳёи либосҳои миллӣ”, “Пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ ва никоҳи бармаҳал”, “Пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон”, “Ҷалби занону духтарони хонашин барои ҳунарҳои дастӣ ва касбомӯзӣ” ва доир ба одобу ахлоқ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Сатторова Матлуба, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Абдуллоев Муродҷон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хоҷазода Хуршеда, Салимзода Мадина мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Исоева Саида директори Маркази солимии репродуктивии шаҳр ва Исмоилова Меҳрангез мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.