zoofirma.ru

Санаҳои 28-ум ва 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ҷумҳуриявии озмуни "Маснавихонӣ" тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Лозим ба зикр аст, ки дар даври вилоятии озмун аз шаҳри Гулистон 3 нафар Ҷалилова Мастура дар байни хонандагон бо сазовор гаштан бо ҷои якум, Раҷабова Фотима корманди китобхонаи бачагона бо ишғоли ҷои якум ва Кенҷаев Лоиқ муовини директори МД "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳр дар байни кормандони соҳаҳои гуногун бо ишғоли ҷои дуюм ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Маснавихонӣ" Кенҷаев Лоиқ муовини директори МД "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳр дар байни кормандони соҳаҳои гуногун сазовори мақоми сеюм ва Фотима Раҷабова корманди китобхонаи бачагонаи шаҳр сазовори мақоми ифтихорӣ гардида, бо ҷом ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.