zoofirma.ru

Дар шаҳру навоҳии кишвар мавсими нави ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардидааст. Деҳқонон дар ин сол меҳнати самаранок намудаанд ва самараи дастранҷи онҳо ҷамъоварӣ карда мешавад.

Санаҳои 30-юми сентябр ва 1-уми октябр дар рӯзҳои истироҳатӣ барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ба хоҷагии деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта ба кишоварзон дар ҷамъоварии ҳосил кумак намуданд.

Дар ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 500 нафар чинакчиён аз шаҳри саноатии Гулистон иштирок намуданд.

Ба дастранҷи заҳмати кишоварзон баҳои баланд дода шуда, қайд карда шуд, ки шаҳри саноатии Гулистон ҳамеша омода аст, ки дар ҳосилғундории пахта бо деҳқонон паҳлу ба паҳлу бошад ва барои ғанӣ гардонидани хирмани "тиллои сафед" ҳиссагузор бошад.

Роҳбарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз намуданд, ки нашъунамои пахта хуб авҷ гирифтааст ва умед аст, ки аз ҳар як гектар замин аз 30 то 50 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати то фасли сармо ҷамъоварии ҳосили пахта ба деҳқонон кумаки худро дареғ намедорад.