zoofirma.ru

Бо эҳтиром ва сарфарозиву ифтихор ва шукрона аз  тинҷиву осоиштагӣ ва рушду тараққиёти бемисли Ватани азизамон Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии 71-умин баҳори умри пурбаракататон  аз номи сокинони саодатманди шаҳри Гулистон самимона муборакбод менамоем.

Сокинони  шаҳри овозадори сайёҳиву саноатии Гулистон шод аз он ҳастанд,  ки ба шарофати сиёсати созанда ва заҳмату пайкорҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти миллӣ тантана дошта, мардуми кишвар шоҳиди рўйдодҳои бузург ва пешрафту дастовардҳои беназири  халқу мамлакат мебошанд.

 

Мардуми бофарҳанги кишвар аз иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Шумо Пешвои муаззами миллат ифтихорманд буда, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро аз баракати сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва маҳсули даврони соҳибистиқлолии кишвар медонанд ва ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро  қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии  худ медонанд.

Сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон шоду масрур аз онанд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Шумо Пешвои муаззами миллат дар ифтитоҳи беш аз 30 иншооти соҳаҳои гуногуни шаҳр иштироки беосита намудаед ва бо ҳидоятҳои Шумо шаҳри Гулситон ободу зебо гардидааст.

Бори дигар дар ин рӯзи пурсаодат ба Шумо Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми неруи маънавию зеҳнӣ ва фитрату хиради бузурги худро барои хидмати миллату Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳдо кардаед, файзу баракати ҷовидонии зиндагӣ, тансиҳатӣ, рӯзгори босаодат ва комёбиҳои беназирро таманно менамоем.

Орзуманди онем, ки ба бахти давлату миллат ва халқи тоҷик ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон