zoofirma.ru

Санаи 20.10.2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Гулдараи  шаҳраки Адрасмон доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷоме ва даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки падару модарон ва хонандагони синфҳои 9-11 баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, Баҳодур Аҳмадҷонов ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Муродҷон Абдуллоев мудири бахши бойгонӣ,  Парвиз Касирзода корманди комиссариати ҳарбии шаҳр, Сарҳад Баротзода раиси ҷамоати Адрасмон ва Улуғбек Хоҷаев директори муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.

Ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020” қабул намуд. Стратегияи зикршуда ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.

Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ, ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.

Ҳамчунин, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ,тақлид ба фарҳанги бегона ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар суханронӣ карда шуд.