zoofirma.ru

Санаи 26-уми октябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон  бо мақсади омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон, бахшида ба Иди "Меҳргон" даври шаҳрии озмуни вилоятии "Тирамоҳи заррин" пуршукӯҳу хотирмон дар фазои кушоду пуртаровати тирамоҳӣ доир гардид.

Озмун аз рӯи 3 бахш: "Ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ", "Ҳимояи рисолаву реферат" ва "Расми беҳтарин" гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун ғолибони даври шаҳрии озмун муайян карда шуда, бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Шуъбаи маориф ва Маркази таҳсилоти иловагӣ қадршиносӣ карда шуданд.