zoofirma.ru

Имрӯз, 01.11.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ҷиҳати қабули меҳмонон Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз шоҳроҳи асосӣ ва дохили шаҳр дидан намуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз даромадгоҳи ғарбии шаҳр то охири роҳи асосӣ аз шафати роҳи асосӣ ва иншоотҳо дидан карда, ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Тибқи нақша барои тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва шафати роҳи протоколӣ шахсони масъул вобаста гардидаанд ва ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани макони вобастагардида корбарӣ намуда истодаанд.