zoofirma.ru

Санаи 15.11.2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистондар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони “Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!” ташкил ва баргузор карда шуд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ҳадафи баргузор намудани Конференсия арҷгузорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида,пойдории сулҳу субот аст, баён намуд. Таърихи начандон дури кишвар собитгари он аст, ки  дар саргаҳи саодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум номи як шахсияти мондагор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки дар такя ба нерӯи бузургу хиради волои халқ тавонистанд миллатро сарҷамъ созанд.

Дар рафти кори конференсия Шарифҷони Саидраҳмон-муовини Раиси шаҳри Гулистон, Пӯлотова Мунзифахон-номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Донишгоҳи давлатии бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Матлуба Сатторова-намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Аслонов Комилҷон  -муовини директор оид ба корҳои тарбиявии коллеҷи тиббии шаҳр ва Мастура Ҷалилова, Фарзона Яминова, Зинҳор Раҳмонов, Шукрона Рӯзибойзода- муҳассилини муассисаҳои №1 ва 14 шаҳр иштирок ва баромад намуданд.

Шахсияти инсонию маънавии ва роҳбарии  сарвари созандаи мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт мебошад, ки 32-сол инҷониб ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гармӣ ва нуру рӯшноӣ мебахшад. Пешвои фидокори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне сарвари давлат интихоб шуданд, ки умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони Ватан дар дилҳо мурда буд. Кишвари маҳбубамон -Тоҷикистони азиз аз дасти фарзандони нохалафу хоинони дохиливу хориҷиаш ба мамлакати “теғу оташу хун” табдил шуда, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил гардида буд. Дар чунин вазъияти нобасомон, ояндаи норавшан, даврони тирабахтию шум, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни намояндагони халқ марди шердилу боҷасорат, қавииродаву хирадманд бо номи Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ ва пас аз ду сол Президенти мамлакат интихоб гардида,  ба мардуми кишвар хитоб намуда, таъкид доштанд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”. Фарзанди фарзонаи миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба қавли худ содиқ монда, ба кишвару ватани худ сулҳу ваҳдати миллиро ба армуғон оварданд.

Дар поёни чорабинӣ ба як қатор пешқадамони соҳаи маориф  ва 10 нафар ҷавонони ба сафи ҲХДТ қабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.