zoofirma.ru

16 ноябр дар маркази шаҳри Гулистон роҳпаймоии ҷавонону хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохторҳои иҷтимоиву ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода таҳти унвони "Бо Президентам ифтихор дорам!" ва "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат" баргузор шуд, ки дар он ҳазорҳо нафар иштирок намуданд.

Ҷавонони шаҳри Гулистон бо ҷонибдорӣ аз сисёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон роҳпаймоӣ карданд.

Бояд гуфт, ки​ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддун, фарҳанги куҳанбунёди давлату миллатамон, на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар ваҳдату суботи тамоми минтақа саҳми бузург ва беназир гузоштанд.

Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Гулистон аз он ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон, маҳз ​ заҳмату талошҳои ҷоннисоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба шарофати иродаи қавӣ ва мавқеи устуворашон дар кишвар сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоӣ барқарор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд.