zoofirma.ru

Санаи 20.12.2023 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода курси "Зан -сарвар" ҷамъбаст карда шуда, ба шунавандагони курс гувоҳнома тақдим карда шуд.

Дар охир аз ҷониби Раиси шаҳр зикр гардид, ки мавқеи зан дар ҷомеа имрӯзҳо дар меҳвари Ҳукумати мамлакат қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои шоиста рӯи кор гирифта шуда истодааст.