zoofirma.ru

Санаи 18.12.2023 дар толори маркази тахсилоти иловагии маркази калонсолони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  машғулиятҳои курси кутоҳмуддати «Зан-сарвар» оғоз гардид. Сатторова Матлуба и.в.мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон дар оғози машғулият изҳори умедворӣ намуд, ки шунавандагон аз омўзишҳои ин курс аз устодон, занони роҳбар, сиёсатмадорони варзида, устодон барои худ дониш ва аз таҷрибаи бойи эшон бардоштҳои муҳим ва зарурӣ мегиранд. Иттилоъ дода шуд, ки курси мазкур низ дар асоси татбиқи нақша-чорабинии барнома роҳандозӣ гардида, соли 5-ум аст,ки таҳти унвонҳои «Духтарони Пешво»,«Зан роҳбар»,«Зан-сарвар», «Мактаби сарварони ҷавон», «Зан ва сиёсат» доир гардида, то имрӯз зиёда аз садҳо нафар занону духтарон ин курсро хатм намуда,  соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Сипас, Директори маркази калонсолон Мухаммадалиева Мухаё ба сухан баромада, таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории чунин курсҳо, ин пеш аз ҳама, ҷалби духтарони лаёқатманд ба соҳаи хизмати давлатӣ ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии онҳо, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил, таъмини ҳуқуқи баробари мард ва зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда арзёбӣ намуд.

Дар машғулияти нахустин Ҳомидчонова Муқаддас дар барои имиҷи зан ба шунавандагони курс машғулият гузаронд.

Таъкид шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон тавонист, ки барои беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳр намояд. Таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи занон (баномаҳои давлатӣ, конститутсия ва конунҳо) барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зуроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Азин ҷост, ки бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» қабул гардид, ки барои баланд бардоштани обрўву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошт.

Таъкид гардид, ки имрўзҳо дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю муасссиаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат намуда истодаанд. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки ба курси мазкур 30 нафар аз хисоби духтарону занони фаъоли макомоти сохторхо чалб гардида аз рузи 18.12.2023 то 20.12.2023 аз соати 8.00 то 12.00 оғоз гардид. Ҳамагӣ 12 машғулиятро дар бар мегирад.