zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни азиз!

Мо дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2024 қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамагонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳр саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.

Соли 2023 дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.

Сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» низ дар радифи намояндагони дигар манотиқи кишвар дар соли 2023 ғайратмандона меҳнат намуда, дар татбиқи сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собитқадамона саҳми арзишманди худро дар рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли худ гузоштанд.

Бояд зикр кард, ки дар давоми сол ифтитоҳи 5 иншооти ҷашнӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо”, фабрикаи парандапарварии “Ганҷи сомон”, ифтитоҳи коргоҳи нав дар назди ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, кӯдакистони “Баҳор”, бинои Нозироти андоз, бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамзамон ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28 декабр ба Маҷлиси Олии кишвар моро водор месозад, ки дар соли нави омадаистода  ва солҳои минбаъда зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.

Дар ҳамин лаҳзаҳои идона бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек, комёбиҳои рӯзафзун ва ба Тоҷикистони азизамон осмони софу ваҳдати ҷовидониро орзу менамоям.

Ид муборак ҳамшаҳриёни азиз!