zoofirma.ru

Санаи 5 январ дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки  дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.

Аз ҷониби роҳбари вилоят супориш дода шуд, ки мутахасисони соҳа барои интихоби навъи дарахт, макон ва замони шинонидани он, ҳамзамон тарзи дурусти шинонидану парвраиши дарахтон ба шаҳрвандон маслиҳатҳои зарурӣ диҳанд.

Ба иттилои мутахасисон алҳол вақти шинонидани ниҳолу дарахтон буда, бо риояи қоидаҳо ва талабот метавон ба маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат бахшид.

Дар баробари ниҳолшинонӣ ин шабу рӯз башаклдарории дарахтон низ мувофиқи мақсад арзёбӣ шуда, ин тадбири агротехникӣ нозукиҳои худро дорад. Бинобар ин, ҳангоми башаклдарории дарахтон бояд тавсияҳои мутахасисон ба инобат гирифта шавад.

Сипас, дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Гулистон низ дарахтони хамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.