zoofirma.ru

Имрӯз, 27.02.2024 дар тарабхонаи «Темурмалик»-и маркази шаҳри озмуни шаҳрии «Кадбонуи  беҳтарин» бо иштироки муассисаву ташкилотҳо баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода ҳадафи баргузории озмуни мазкурро эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати  дастархонороӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ баён намуд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибон муайян гардиданд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Сипас аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои иштирокдорон барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.