zoofirma.ru

Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Гулистон” фаъолиятро тибқи нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи арзандаи ҷашнҳои Ғалабаи бузург Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, дар моҳи апрел бо ҳадафи рушди оммавияти варзиш зиёда аз 30-то чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронид. Дар мусобиқаҳои варзишӣ намояндагони ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ ва Ҷамоати шаҳракҳо фаъолона иштирок намуданд.