zoofirma.ru

Дар МТМУ-и №14 оид ба фаҳмонидани паҳлўҳои гуногуни Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ вохўрӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо ноболиғони Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят М.Миркамолов, кормандони Маркази номбурда С.Қобилова, Л.Гадойбоева ва мушовири кабинети методӣ оид ба тарбияи шуъбаи маориф Ф.Фаридунова назди ҳозирин андешаронӣ карданд.

Толибилмон ба одоби накў ва рафтори намунавӣ ҳидоят карда шуд.