zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

1. Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсози – 1 ҷой маоши мансабӣ 2100,45 сомонӣ; (хусусияти дуҷониба)

2. Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи модлу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой маоши мансабӣ 2100,45 сомонӣ; (хусусияти дуҷониба)

3. Мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1- ҷой маоши мансабӣ - 2100,45 сомонӣ; (хусусияти дуҷониба)

4. Сармутахассис-котиби васоияти парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 2 ҷой маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

6. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

7. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

8. Мутахассиси бахши бойгонӣ -1- ҷой маоши мансабӣ - 1276 сомонӣ;

Мақомоти худидоракунии

Ҷамоати шаҳракҳо:

9. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

11. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

12. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати шаҳраки Консой 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

13. Сармутахассис заминсозӣ ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

14. Сармутахассис заминсозӣ ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

15. Сармутахассис заминсозӣ ҷамоати шаҳраки Консой 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

16. Сармутахассис заминсозӣ ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

17. Сармутахассис заминсозӣ ҷамоати шаҳраки Чойруқдарон 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

18. Сармутахассис заминсозӣ ҷамоати шаҳраки Навгарзан 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

19. Сармутахассис заминсозӣ ҷамоати шаҳраки Навгарзан 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

20. Сармутахассис сармуҳосиби ҷамоати шаҳраки Консой 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ

21. Сармутахассис сармуҳосиби ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1- ҷой маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ;

22. Нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1- ҷой маоши мансабӣ - 1415,20 сомонӣ;

23. Нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 1- ҷой маоши мансабӣ - 1415,20 сомонӣ;

24. Нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1- ҷой маоши мансабӣ - 1415,20 сомонӣ;

25. Нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Адрасмон 2- ҷой маоши мансабӣ - 1415,20 сомонӣ

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4*6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (тариқи нотариалӣ тасдиқгардида);

-нусхаи давтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УБ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ - аз нозироти андоз;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ ва таъқиби ҷиноятӣ аз РВКД вилояти Суғд;

-маълумотнома аз ҷои зист;

-маълумотнома (объективка)

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлати ё 3 сол собиқаи умуми меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис, мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол №79 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ошёнаи 2 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр телефон барои маълумот: 83443, 2-46-11, почтаи электронӣ Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript