zoofirma.ru

Дар арафаи иду ҷашнҳо дастгирии табақаҳои ниёзманд аз амали хайрхоҳона ва кори савоб дониста мешавад. Тайи солиёни охир бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чунин амалҳои инсондўстона ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо ҳидояти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бахшида ба Рўзи Ғалаба 15  нафар ашхоси яккаву танҳо, маъюб ва собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадов аз ҷониби масъулини шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона бо як миқдор маводи хўрока, аз қабили орду равған, қанду макарон, чою гўшт ва ғайра аёдат карда шуд. Чунин кўмаку дастгирӣ дар Ҷамоати шаҳракҳо низ амалӣ гардид.

Табақаҳои ниёзманд барои дастовезҳои идона миннатдории самимонаи хешро изҳор доштанд