zoofirma.ru

Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон дар доираи амалисозии Стратегияи милли фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Гулистон дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё семинари омӯзишӣ оид ба гузаронидани таҳлили гендерӣ, таҳияи стратегияҳо ва тарғиби пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид.

Дар семинари  мазкур кормандони сохторҳои гуногун, фаъолзанони шаҳрак ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар семинар коршиносони варзида доир ба мавзуъҳои баррасишаванда суханронӣ намуда, моҳияти онҳоро ба иштирокдорон фаҳмониданд.