zoofirma.ru

Рўзи якшанбе 15-уми май дар маркази шаҳр чорабинии калони варзишӣ – Дави миллӣ, дар доираи “20 Рўзи ҷавонӣ” ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!” зери шиори “Солимии ҷавонон – солимии миллат” баргузор гардид.

Аз субҳи барвақт дар назди чорроҳаи Хадамоти оташнишонӣ дўстдорони варзиш, намояндагони ташкилоту корхонаҳо, макотиби миёна сарҷамъ омаданд, то дар чорабинии муҳим – Рўзи Дави миллӣ иштироки фаъолона дошта бошанд.

Дар чорабинӣ варзишгарони синну соли гуногун дар 5 масоҳати муқарраршуда, бо фарогирии зиёда аз 8100 нафар, аз ҷумла 2700 нафар бонувону духтарон сабқат намуданд.

Иштирокдорони Дави миллӣ аз назди чорроҳаи Хадамоти оташнишонӣ то бозори “Пўлодиён” омаданд.

Дар интиҳои мусобиқаи дави оммавӣ Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷиҳати баланд бардоштани мақоми варзиш чун мунодии сулҳ ва тарзи ҳаёти солим сухан гуфт.

Раиси шаҳр баробари муборакбод гуфтан бо Рўзи ҷавонони Тоҷикистон арз намуд, ки сохта, ба истифода дода шудани як қатор иншооти варзишӣ, мувафаққиятҳои варзишгарони шаҳр дар мусобиқоти мухталиф, сол то сол зиёд гардидани иштирокчиёни дави миллӣ гувоҳ аз рушду нумўи варзиш дар шаҳрамон мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ ба пешсафони мусобиқа ва ташкилотҳои фаъол тўҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби Раиси шаҳр супорида шуд. Иштирокчиёни хурдсоли мусобиқа низ қадрдонӣ гардиданд.