zoofirma.ru

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода санаи 27.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба варзишгоҳои марказии шаҳр ташриф оварда бо вазъи омодабошии он ошно гардид.

Ба масъулин барои омода намудани лоиҳаи таҷдиди варзишгоҳ аз ҷумла таъмири майдон, нишастгоҳҳо, ивази рахтҳои нишаст бо курсиҳои нав, чароғонкунӣ ва ободонии гирду атрофи он бо мақсади ҳамҷониба омода намудани варзишгоҳ дастур дода шуд.

Лозим ба зикр аст, ки соли ҷорӣ дар дастаи футболи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд ҳунарнамоӣ менамояд.

Илҳом Пӯлотзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон дар назди масъулини даста ҳадаф гузошт, ки бо ҳунарнамоии хуб шаҳри Гулистонро муаррифӣ намуда, роҳхати Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футболро ба даст оранд.