zoofirma.ru

Санаи 15.03.2025 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба сокинон ярмарка ташкил гардид.

Ярмарка дар бозори марказии шаҳр - ҶДММ "Абдуваҳҳоб" баргузор гардид.

Дар ярмарка деҳқонон ва корхонаҳои истеҳсолии шаҳр маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.

Сокинон дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.